Ҳалокати даҳҳо низомии Саудӣ дар ҳамлаи нерӯҳои яманӣ ба ҷануби Арабистон
Манобеи хабарии Саудӣ эълом карданд, дар пайи ҳамлаи мушакии нерӯҳои яманӣ ба мавозеъи артиши Арабистон дар ҷануби ин кишвар, даҳҳо низомии саудӣ, аз ҷумла чанд афсар кушта ва захмӣ шуданд.
Ба гузориши расонаҳои яманӣ, дар ҳамлаи бомдоди панҷшанбеи артиш ва нерӯҳои мардумии Яман ба мавозеъи изомии Саудӣ дар устони Ҷизони Арабистон, 6 афсар ва 12 сарбози артиши Арабистон кушта ва 20 тани дигар захмӣ шуданд.
Фаъолони саудӣ бо интишори асомии шуморе аз ин афрод дар Твиттер, аз кушта шудани бархе афсарону сарбозони наздики худ хабар доданд.
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.
Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман токунӯн ба кушта шудани беш аз 16 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафару оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.
Бештар бихонед:
- Вазорати дифои Яман: Англия дар ҷанг алайҳи Яман мушорикати мустақим дорад
- Давлати наҷоти миллии Яман: таҳрими Ансоруллоҳ, яъне Амрико ба дунболи сулҳ дар Яман нест