Башор Асад: Кишварҳое, ки муқовимат кунанд, муваффақ ва устувор мемонанд
Раисиҷумҳури Сурия таъкид кард, кишварҳое, ки истиқомат мекунанду роҳи муқовиматро мепаймоянд, ҳамонҳое ҳастанд, ки дар ин дунё барояшон ҷое пайдо мешавад.
Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия (Соно), Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия дар боздидози Донишкадаи олии низомӣ дар Димишқ гуфт, мутобиқи тафаккуроти Амрико ҷанг ба маънои доллар аст ва ин доллар ба нафъи ширкатҳои Амрико аст ва лизо пас аз шикасти Амрико дар Афғонистону Ироқ ва Ветнам бояд интизор дошта бошем, ки ин кишвар ҷиноятҳои бештаре муртакиб шавад ва дар қиболи он шикастҳои бештаре низ ба номи худ сабт кунад ҷое, ки чарха ба ҳамон ривол ва масири худ хоҳад чархид.
Асад гуфт, дар буҳбуҳаи ҷанг ҳам ҳар коре барои тавсеаи анҷом хоҳем дод, ин тавсеа дар тамоми заминаҳои низомӣ, иқтисодӣ, созмондиҳӣ ва ақидатӣ аст ва манзур аз созмондиҳӣ фақат марбӯт ба нерӯҳои мусаллаҳ нест, балки сомондиҳии давлат ва ҷомеъа низ зарурӣ аст.
Вай тасреҳ кард, ҷанг алайҳи Сурия барои зарба задан ба эътибори артиши ин кишвар буд, ки албатта дар он шикаст хӯрданд, террористҳо дар ибтидо ба муваффақиятҳое расида буданд, аммо шикаст хӯрданд, ки он ҳам ба ду далели ҳӯшёрии афсарон ва низомиён ва ҳӯшёрии миллати Сурия будааст.
Башор Асад, артиши Сурияро абзори сиёсат ва на ниҳоде сиёсатзада хонд ва гуфт, вақте аз як масаълаи миллӣ суҳбат мекунем, наметавонем аз ин масаълаи миллӣ дифо накунем дар ҳоле, ки пои як масъалаи сиёсӣ дар миён набошад, бинобар ин масаълаи миллӣ як масъалаи сиёсист.
Вай дар поёни хитоб ба афсарони низомӣ гуфт, мо бо илму ирода ва ҳамкории шумо раванди озодсозии Сурияро идома хоҳем дод ва бо устувории шумо хоҳем тавонист ҳуқуқмонро бозпас бигирему артиши Сурия меҳвар ва зомини сиёнат аз истиқлолу таҳкими ақида, ҳимоят ва ҳифозат аз кишвар аст.