Афзоиши теъдоди қурбониёни инфиҷори Адан ба 12 нафар
(last modified Sun, 31 Oct 2021 05:22:51 GMT )
Октябр 31, 2021 10:22 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди қурбониёни инфиҷори Адан ба 12 нафар

Теъдоди қурбониёни инфиҷори фурудгоҳи байналмиллалии Адан дар ҷануби Яман ба 12 нафар афзоиш ёфт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии  « Албобатул-ахбориятул-Ямания » , шомгоҳи шанбе инфиҷори даҳшатноке наздики фурудгоҳи байналмиллалии Адан рӯй дод, ки ношӣ аз инфиҷори як худрави бомбгузоришуда буд ва бар асари ин инфиҷор то кунун 12 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Як манбаи баландпояи низомӣ эълом кардар асари инфиҷори мазкур беш аз 38 нафар низ захмӣ шудаанд. Тасовиру видеоҳое ки аз ин инфиҷор дар фазои маҷозӣ мунташир шуда нишонгари даҳшатнок будани ин инфиҷор аст .
Бо вуҷуди бузург будани инфиҷор  масъӯлони давлати мустаъфии Яман ҳануз расман оморе аз талафоти ин инфиҷор мунташир накардаанд, балки муддаӣ ҳастанд пас аз итминон аз теъдоди қурбониён омори қатъиро мунташир хоҳанд кард.
Ҳеҷ як аз масъӯлони давлати мустаъфии ҳозир дар Адан    дар бораи иллат ё авомили пушти пардаи он тавзеҳе ироа накардаанд . Аз ин рӯ бисёре аз коршиносон таъкид доранд, ки чунин инфиҷорҳое натиҷаи даргириҳои дохилии гуруҳҳои вобаста ба Арабистони саъӯдӣ дар ин устон аст .
Нозирон ҳам мегӯянд эътилофи мутаҳаҷҷири саъӯдӣ - иморотӣ бо эҷоди ихтилоф дар байни гуруҳҳои мусаллат бар Адан қасд дорад ин минтақаро комилан ишғол кунад .



Бештар бихонед :