Ҷангандаҳои мутаҷовизи саудӣ се устони Яманро бомбаборон карданд
Ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар чанд навбат манотиқӣ аз се устони Санъо, Саъда ва Имрони Яманро ҳадафи ҳамалоти шадиди худ қарор доданд.
Ба гузориши шабакаи «Ал Масира», ҷангандаҳои мутаҷовизи саудӣ бомдоди панҷшанбе, манотиқи Санъо, Саъда ва Имрони Яманро бомбаборон карданд.
Вазорати дифои Яман: Англия дар ҷанг алайҳи Яман мушорикати мустақим дорад
Ин дар ҳоле аст, ки Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман асри чаҳоршанбе эълом кард, ягони мушакии Яман амалиёти мунҳасир бафардеро дар ҷануби Арабистони Саудӣ, Маариб ва Таъиз анҷом додааст ва мӯшакҳо дақиқан бо аҳдоф бархӯрд доштаанд.
Ба гуфтаи сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар ин ҳамалоти мушакӣ, даҳҳо тан аз муздӯрон, афсарон ва нерӯҳои эътилофи саудӣ бавижа фармондеҳи полки аввал дар Заҳрон ал Ҷануб кушта ва захмӣ шудаанд.