Озодсозии комили устони Алҳудайда тавассути неруҳои яманӣ
(last modified Sun, 14 Nov 2021 06:47:35 GMT )
Ноябр 14, 2021 11:47 Asia/Dushanbe
  • Озодсозии комили устони Алҳудайда тавассути неруҳои яманӣ

Устони Алҳудайда дар ғарби Яман тавассути артиш ва нируҳои мардумии ин кишвар ба таври комил поксозӣ шуда ва танҳо шаҳристони Алҳудайда боқӣ мондааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алмаёдин ақибнишинии эътилофи саъӯдӣ аз соҳили ғарбӣ ба далели нигаронии Амрикову Аморот аз таҳаввулоти ҷорӣ дар устони Маъариб-воқеъ дар шимолу шарқи Санъо сурат гирифтааст.
Манобеи хабарии Яман эълом карданд неруҳои эътилоф қасд доранд вазъияти худро дар ҷануб пеш аз шикасти сангини низомӣ сару сомон диҳанд .

Сухангӯии неруҳои мусаллаҳи Яман : арса бар ҷангандаҳои Арабистон дар осмони Ямани танг тар мешавад
Бар асоси ин гузориш эътилофи саъӯдӣ тамоми неруҳои худ аз ҷумлаи неруҳои « Ториқ солеҳ » ва типи « Аламолиқа »-ро аз соҳили ғарбӣ ба самти Адан мунтақил кардааст .
Артишу кумитаҳои мардумӣ кулли соҳили ғарбиро ба контроли худ даровардаанд ва дар ҳоли ҳозир даргириҳо дар Алхуха ва Ҳис ҷараён дорад .