Ноябр 14, 2021 13:57 Asia/Dushanbe
  • Юриши шаҳракнишинони саҳюнист ба фаластиниён дар Қудси ишғолӣ

Шаҳракнишинони саҳюнисти бо ҳимояти низомиёни ин режим ба фаластиниён дар минтақаи Раъс ул Омуд, шарқи Қудси ишғолӣ юриш бурданд.

Ба гузориши шабакаи Ал Маёдин, дар юриши шаҳракнишинони саҳюнист ба фаластиниён дар ин минтақа се ҷавони фаластинӣ захмӣ шуданд.

Аз сӯи дигар, шаҳракнишинон ба худравҳои фаластиниёни наздики маркази истибозрасӣ дар ҷануби Наблус ҳамла карданд ва ба дунболи он нерӯҳои исроилӣ, ин марказро бастанд.

Ҳилоли Аҳмари Фаластин эълом кард, ба дунболи ҳамлаи шаҳракнишинон ба сокинони маҳаллаи Раъс ул Омуд дар Қудси ишғолӣ ду нафар захмӣ шуданд.

Ҳадаф шаҳракнишинони саҳюнист аз ҳамла ба фаластиниён, берун рондани онон аз сарзаминҳои ишғолӣ ва сохти шаҳракҳои саҳюнистӣ аст.

Саҳюнистҳо барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаталабонаи худ рӯзона ба манотиқи мухталифи Фаластин юриш мебаранд ва фаластиниёнро шаҳид ва маҷрӯҳ ва ё боздошт ва равонаи зиндон мекунанд.

 

Барчасп