Ноябр 18, 2021 13:54 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти паҳподии нерӯҳои яманӣ алайҳи Эътилофи саудӣ

Расонаҳои арабӣ аз амалиёти паҳподии нерӯҳои мусаллаҳи Яман алайҳи Эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар ҷануби Арабистон хабар доданд.

Ба гузориши шабакаи «Ал Арабия», Турки Ал-Моликӣ, сухангӯи Эътилофи мутаҷовизи саудӣ бомдоди панҷшанбе эълом кард, як паҳподи инфиҷорӣ тавассути нерӯҳои яманӣ ба самти фурудгоҳи «Abha » воқеъ дар ҷануби Арабистони Саудӣ шиллик шудааст.

Эътилофи саудӣ албатта ба риволи иддаоҳои дуруғини ҳамешагӣ, муддаӣ шуд, ки ин паҳподро пеш аз бархӯрд ба замин раҳгирӣ кардааст.

Аз сӯи дигар, Эътилофи мутаҷовизи саудӣ чаҳоршанбешаб манотиқе аз устонҳои Санъо, Саъда ва Ал Ҷавфи Яманро ҳадаф қарор доданд.

Бо ташдиди ҳамалоти Эътилофи саудӣ ба манотиқи ғайринизомии Яман, ҳамалоти боздоранда ва дифои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба умқи хоки Арабистон аз сар гирифта шудааст.

Аз 26 марти 2015 токунӯн, дар асари ҷанги Эътилофи мутаҷовизи саудӣ зидди мардуми Яман беш аз сад ҳазор ғайринизомӣ кушта ва садҳо ҳазор тан захмӣ шудаанд. Дар ин ҳамалот токунӯн 4 миллион нафар овора ва беш аз 85 дарсад аз зерсохтҳои Яман низ тахриб шудааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп