Ҳалокати даҳҳо муздури вобаста ба Риёз дар Маъриби Яман
(last modified Sun, 12 Dec 2021 05:43:22 GMT )
Декабр 12, 2021 10:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати даҳҳо муздури вобаста ба Риёз дар Маъриби Яман

Манобеи хабарии низомӣ аз камини неруҳои артишу кумитаҳои мардумии Яман алайҳи муздурони вобаста ба эътилофи мутаҷовизи Саъӯдӣ - Аморотӣ дар шарқи шаҳри роҳбурдии Маъриб хабар доданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии “Албавобия алхбория алмания” дар ҷараёни ин камин, ки шанбешаб атрофи минтақаи Кари дар Маъриб анҷом шуд, даҳҳо нафар аз неруҳои вобаста ба давлати мустаъфӣ ва ҳизби ихвонии « Алслоҳ » кушта ва захмӣ шуданд .
Манобеи яманӣ эълом карданд неруҳои давлати мустаъфӣ қасд доштанд аз муздурони ҳозир дар минтақаи Кари ҳимоят кунанд, ки дар доми камини неруҳои яманӣ афтоданд .
Ин рӯзҳо даргирии шадиде байни неруҳои яманӣ ва муздурони вобаста ба эътилоф дар қалби шаҳри « Води убайда » дар Маъриб дар ҷараён аст ва нируҳои яманӣ муваффақ шуданд минтақаи Кариро озод кунанд .

Сухангӯии неруҳои мусаллаҳи Яман : арса бар ҷангандаҳои Арабистон дар осмони Ямани танг тар мешавад
Води убайда,дарвозаи шарқии вуруд ба шаҳри Маъриб ва охирин гузаргоҳи муздурони вобаста ба эътилоф дар ин шаҳр аст . Неруҳои яманӣ қасд доранд бо озодсозии ин минтақа аз чаҳор меҳвар  муҳосираи низомии Маърибро комил кунанд . Шаҳри Маъриб аз се тараф муҳосира шудааст .
Манобеи маҳаллӣ низ эълом карданд  неруҳои яманӣ муваффақ шуданд амниятро дар силсила куҳи Балқ таъмин кунанд ва ҳамчунон дар ҳоли пешравӣ дар ҷабҳаҳои ҷанубу шарқии Маъриб ҳастанд .