Режими ҷаълии саҳюнистӣ уммулмасоиб ва решаи мушкилоти минтақа аст
Вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо раиси дафтари сиёсии ҲАМОС таъкид кард, ки режими ҷаълии саҳюнистӣ уммулмасоиб (модари мусибатҳо) ва решаи мушкилоти минтақа аст.
Амир Абдуллоҳиён дар гуфтугӯи телефонӣ бо Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) солгарди ташкили ин ҷумбишро табрик гуфту афзуд: Андак кишварҳои минтақа, ки дар масири одисозии равобити худ бо режими ҷаълии саҳюнистӣ ҳастанд, хилофи амнияту масолеҳи минтақа ва уммати исломӣ ҳаракат мекунанд.
Вазири хориҷаи Эрон дар ин гуфтугӯи телефонӣ, ҷумбиши ҲАМОС –ро аз пешгомони муқовимати исломӣ дар озодии Қудси Шариф донист ва изҳор дошт: Имрӯз муқовимат нақши меҳварӣ дар барқарории ҳуқуқи таърихии миллати Фаластин дорад.
Вай бо ишора ба иқдоми ахири давлати Британия дар террористӣ эълом кардани ҷумбиши ҲАМОС, онро иқдоме сиёсӣ ва бар алайҳи миллати Фаластин донист.
Амир Абдуллоҳиён дар идома бар истимрори ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз муқовимати мардуми Фаластин таъкид кард.