Амалиёти паҳподии неруҳои яманӣ алайҳи эътилофи мутаҷовизи саъӯдӣ
Расонаҳои арабӣ аз амалиёти паҳподии неруҳои мусаллаҳи Яман алайҳи эътилофи мутаҷовизи саъӯдӣ хабар доданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Алъарабия, Турки Алмоликӣ-сухангӯи эътилофи саъӯдӣ эълом кард,ки як паҳподи инфиҷорӣ тавассути неруҳои яманӣ аз фурудгоҳи Санъо ба ҷануби Арабистон дар Хамис машит шиллек шудааст .
Эътилофи саъӯдӣ албата ба риволи иддаоҳои дуруғини ҳамешагӣ муддаӣ шуд ин паҳподро пеш аз бархӯрд ба замин дар минтақа раҳгирӣ кардааст.
Сухангӯи эътилофи ҷинояткори саъӯдӣ дар идомаи иддиоҳояш афзуд: Мо иқдомоти лозим барои ҳифозат аз худ мутобиқ бо қавонини байналмиллалиро анҷом медиҳем .
Манобеи хабарӣ гузориш доданд артишу кумитаҳои мардумии Яман тавонистаанд бо шикасти неруҳои эътилофи саъӯдӣ ، мавозиъи ҷадидеро дар шимоли шарқи Яман таҳти контроли худ дароваранд .
Таи моҳҳои ахир неруҳои артишу кумитаҳои мардумии Яман даври ҷадиде аз амалиёти озодсозии устону шаҳри Маърибро ба унвони қалби давлати мустаъфӣ оғоз кардаанд . Устони Маъриб ба иллати доро будани манобеи ғании нафту газ аз арзиши иқтисодии болое бархурдор аст .