“Foreign Policy”: Арабистон ба маркази маводи мухаддир дар Ғарби Осиё табдил шудааст
(last modified 2021-12-24T17:02:55+00:00 )
Декабр 24, 2021 22:02 Asia/Dushanbe
  • “Foreign Policy”: Арабистон ба маркази маводи мухаддир дар Ғарби Осиё табдил шудааст

Маҷаллаи амрикоии “Foreign Policy” навишт, дар сояи иқдомоти валиаҳди саудӣ барои тағйири фарҳанг ва боварҳои ҷомеаи ин кишвар, мизони масрафи маводи мухаддир дар Арабистон ба суръат афзоиш ёфтааст.

Маҷаллаи мазкур дар гузорише бо ишора ба афзоиши шадиди масрафи маводи мухаддир дар байни ҷавонони Арабистон навишт, бо вуҷуди тағйирот дар ҷомеаи ин кишвар барои коҳиши масрафи маводи мухаддир, мизони масраф дар Арабистони Саудӣ афзоиш ёфтааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки воридоти маводи мухаддир ба мавзӯи оддӣ дар Арабистон табдил шудааст, ба тавре ки аз ин кишвар ба унвони пойтахти маводи мухаддир дар Ғарби Осиё метавон ёд кард.

Дафтари мубориза бо маводи мухаддири Созмони Милали Муттаҳид (UNODC) дар гузорише эълом кардааст, ки байни солҳои 2015 то 2019 ниме аз кептагони кашфшуда дар Ғарби Осиё дар Арабистон будааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп