Декабр 25, 2021 14:56 Asia/Dushanbe
  • Пешравии нерӯҳои яманӣ дар марз бо Арабистони Саудӣ

Манобеи хабарӣ рӯзи ҷумъа гузориш доданд, нерӯҳои артишу кумитаҳои мардумии Яман манотиқеро дар марз бо Арабистони Саудӣ дар устони Саъда ба кантроли худ дароварданд.

Ба гузориши ИРНА, нерӯҳои артишу кумитаҳои мардумии Яман бар хати байналмилалии мунтаҳӣ ба гузаргоҳи марзии Ал Хазро ҳаддифосили Наҷрони Арабистони Саудӣ ва устони Саъда воқеъ дар шимоли Яман тасаллут ёфтанд.

Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои яманӣ дар устони Ал Ҷавф низ муваффақ шуданд кантроли комили минтақаи Ал Ятима, маркази шаҳристони Хаб ва Ал Шаъаф ба даст оваранд.

Пешравии нерӯҳои яманӣ дар ҳоле сӯрат мегирад, ки ҳамалоти ҳавоии Эътилофи саудӣ манотиқи мухталифи Яман, аз ҷумла пойтахти ин кишвар шиддат ёфтааст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман токунӯн ба кушта ва захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шудааст.

Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин беш аз 85 дарсади зерсохтҳои Яманро тахриб ва ин кишвар бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп