Даст доштани 3 мақоми саудӣ дар қочоқи осори бостонии Миср
Манобеи хабарӣ аз мушорикати се мақоми саудӣ дар қочоқи осори бостонии Миср хабар доданд.
Файсал бин Фарҳон, вазири умӯри хориҷаи Арабистон дар сафар ба Қоҳира барои ширкат дар ҷаласоти Кумитаи муштараки Мисру Арабистон ба дунболи ёфтани роҳе барои бурӯнрафт аз ин махмаса аст, ки марбӯт ба ҳузури номи гумонбарони саудӣ аст, ки асомии онҳо дар таҳқиқот зикр шудааст.
Бар асоси ин гузориш, полиси Миср муттаҳамони ин парвандаро бо 201 асари бостонӣ ва 3 қитъа санге, ки катибаҳои фиръавнӣ дар даст доштанд, дастгир кард.
Дар ҳамин ҳол, Умар Камолиддин Ал Шарбинӣ, сафири Миср дар Қатар ахиран эълом кард, давлати Миср, Ҳамд Саид Ал Шомисӣ, сафири Иморот дар Қоҳираро бадалели даст доштан дар қочоқи осори бостонии Миср ихроҷ кардааст.
Бар асоси эъломи сафири Миср, Ҳасан Ротиб ва Ало Ҳасанин аз аъзои собиқи порлумони Миср, ахиран дар ҷараёни бозҷӯӣ эътироф кардаанд, ки сафири Иморот дар қочоқи осори бостонии Миср ба хориҷ аз ин кишвар даст доштааст.
Додситонии Қоҳира низ Ҳасан Ротиб ва Ало Ҳасанин ва соири муттаҳамони парвандаи маърӯф ба "атиқаҳои бузург"-ро ба додгоҳи ин кишвар муаррифӣ кард.