Ҳамла ба як пойгоҳи режими саҳюнистӣ дар Каронаи бохтарӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i78764-Ҳамла_ба_як_пойгоҳи_режими_саҳюнистӣ_дар_Каронаи_бохтарӣ
Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ аз тирандозӣ ба як пойгоҳи низомии ин режим дар Каронаи бохтарии руди Урдун хабар дод .
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 26, 2021 11:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба як пойгоҳи режими саҳюнистӣ дар Каронаи бохтарӣ

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ аз тирандозӣ ба як пойгоҳи низомии ин режим дар Каронаи бохтарии руди Урдун хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Авихай Адрей-сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ дар тветте навишт: Гузоришҳо баёнгари тирандозӣ аз дохили як худрав ба самти пойгоҳи низомиёни Исроил дар Каронаи бохтарӣ аст .

Адрей афзуд: Ин тирандозӣ наздики шаҳри Ноблус рӯй дод, аммо ҳеҷ гуна талафоте  дар пай надошт .
Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ гуфт: Артиш пас аз тафтиши минтақаи атрофи маҳали ҳодиса даҳҳо гулӯла кашфу забт кардааст .

Ин ҳодиса дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи манобеи пизишкӣ 135 фаластинӣ шанбешаб дар вурудии рустои Барқа дар шимолу ғарби Ноблус дар ҷараёни даргирӣ бо низомиёни саҳюнист захмӣ шуданд .



Бештар бихонед :