Январ 17, 2022 12:01 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии ҲАМОС барои гуфтугӯи бидуни пешшарт бо гуруҳҳои фаластинӣ

Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) дидгоҳи комиле дар бораи мусолиҳа байни гуруҳҳои фаластинӣ мубтанӣ бар ислоҳоте дар вазъияти дохилии Фаластин ба Алҷазоир ироа кардааст.

Ба гузориши “Алмаёдин”, дидгоҳи ироашудаи ҷунбиши ҲАМОС мубтанӣ бар шуморе аз ислоҳот дар вазъияти дохилии Фаластин ва ҳамчунин шомили созмондеҳии муҷаддади Созмони озодибахши Фаластин ва баргузории интихобот дар дохил ва хориҷ аз ин кишвар аст.

Ҷумбиши ҲАМОС дар ин дидгоҳ таъкид карда, ки омодаи гуфтугӯи бидуни пешшарт аст.

Ҷумбишҳои Фатҳ, ҲАМОС, Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ҷабҳаи мардумӣ, Ҷабҳаи демократӣ ва Ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин - фармондеҳии кулли гуруҳҳое ҳастанд, ки қарор аст дар ростои ҳалли ихтилофот миёни худ ба гуфтугӯ биншинанд.

Идеяи баргузории ин гуфтугӯҳо дар ҷараёни дидори Абдулмаҷид Теббун, раиси ҷумҳурии Алҷазоир бо Маҳмуди Аббос дар таърихи шашуми декабри соли гузашта матраҳ ва дар хусуси он тавофуқ шуд. Чанд рӯз пас аз сафари Маҳмуди Аббос, як ҳайати ҲАМОС низ ба раёсати Соми Абузаҳрӣ ба Алҷазоир рафт ва бо мақомоти ин кишвар ба гуфтугӯ нишаст.

 

 

 

 

Барчасп