Сардор Қоонӣ бо масъулони ҳайати ҳамоҳангии шиъа дар Ироқ дидор кард
(last modified Mon, 17 Jan 2022 13:17:09 GMT )
Январ 17, 2022 18:17 Asia/Dushanbe
  • Сардор Қоонӣ бо масъулони ҳайати ҳамоҳангии шиъа дар Ироқ дидор кард

Манобеъи ироқӣ аз дидори фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо масулони ҳайати ҳамоҳангии шиъа дар Ироқ хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузори Меҳр ба нақл аз манобеъи ироқӣ, садор Қоонӣ-фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ имрӯз душанбе бо ҳайати ҳамоҳангии шиъа дидору гуфтугӯ кард, ки ҳануз гузорише дар бораи ҷузиёти ин дидор мунташир нашуда аст.

Бар асоси ин гузориш сардор Қоонӣ қарор аст бо Муқтадо Садр, раиси ҷараёни Садри Ироқ низ дидору гуфтугӯ кунад.

Фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи гузашта пас аз зиёрати боргоҳи муттаҳари ҳазрати Амиралмуъмин Алӣ(а) имоми аввали шиъаёни ҷаҳон дар Наҷафи Ашраф, марқади шаҳид Садр ва бар мазори шаҳид Абумаҳдӣ Алмуҳандис, муовини созмони басиҷи мардумии Ироқ "Ал-Ҳашду Шаъбӣ" ҳузур ёфт ва бо қироъати фотиҳа ёду хотираи шуҳадои бузурги муқовимат аз ҷумла ин шаҳиди бузургвор ва ҳамчунин сардори сипаҳбуд шаҳид ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро гиромӣ дошт.

 

Бештар бихонед: