Бомбаборони муҷаддади Санъо тавассути Эътилофи мутаҷовизи саудӣ
(last modified Wed, 19 Jan 2022 07:32:38 GMT )
Январ 19, 2022 12:32 Asia/Dushanbe
  • Бомбаборони муҷаддади Санъо тавассути Эътилофи мутаҷовизи саудӣ

Ҷангандаҳои Эътилофи мутаҷовизи саудӣ сешанбешаб дубора Санъо, пойтахти Яманро бомбаборон карданд.

Шабакаи Алмасираи Яман эълом кард, ҷангандаҳои Эътилофи мутаҷовизи саудӣ дастикам 5 бор фурудгоҳи Санъоро ҳадаф қарор додаанд.

Дар пайи ин ҳамла садои чанд инфиҷори шадид дар пойтахти Яман шунида шуд.

Ҳанӯз аз хисороту талафоти эҳтимолии ин ҳамла гузорише мунташир нашудааст.

Ҷангандаҳои Эътилофи мутаҷовизи саудӣ душанбешаб ҳам чандин минтақа дар Санъоро ҳадаф қарор дода буданд.

Эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар ҳафтаҳои ахир борҳо манотиқи маскунӣ дар вилоятҳои мухталифи Яманро бомбаборон кардааст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.