Наҷиб Миқотӣ : Ҷаласоти давлати Лубнон аз ҳафтаи оянда аз сар гирифта мешавад
(last modified 2022-01-20T15:03:59+00:00 )
Январ 20, 2022 20:03 Asia/Dushanbe
  • Наҷиб Миқотӣ : Ҷаласоти давлати Лубнон аз ҳафтаи оянда аз сар гирифта мешавад

Нахуствазири Лубнон эълом кард, ки ҷаласоти давлати ин кишвари пас аз як вақфаи тӯлонӣ аз ҳафтаи оянда аз сар гирифта мешавад .

Ба гузориши шабакаи хабарии Алманор, Наҷиб Миқотӣ-нахуствазири Лубнон имрӯз панҷшанбе гуфт: Ҳадафи аслӣ ва асосӣ аз оғози муҷаддади ҷаласоти давлати Лубнон баррасии буҷети умумии кишвар ва тасвиби он барои соли ҷорӣ аст .
Пештар Ҳизбуллоҳи Лубнон ва ҷумбиши Амал бо судӯри баёнияи муштараке эълом карданд : Лубнон ҳамзамон бо авзоъи сиёсии печида бо буҳрони иқтисодӣ ва молии бесобиқае мувоҷеҳ аст ва танҳо роҳи ҳали ин буҳронҳо вуҷуди давлати қудратманд аст, ки қодир ба ҳалли мушкилоти мардуми Лубнон буда ва аз эътимоди мардуми Лубнон бархурдор бошад . Мо бо ҳамроҳии соири гуруҳҳои сиёсӣ муҷиддона барои ташкили давлат талош кардем ва дар ин масир имтиёзҳои зиёде додем .
Ҳусайн Алҳоҷ Ҳасан-намояндаи порлумони Лубнон низ дар бораи баёнияи ахири Ҳизбуаллоҳу ҷумбиши Амал барои эъломи омодагӣ ҷиҳати бозгашт ба ҷаласоти давлат гуфт: Ҳизбуллоҳ ва ҷумбиши Амал бо тасмиме, ки дар хусӯси бозгашт ба ҷаласоти давлат гирифтанд ба масъӯлияти миллии худ амал карданд . Ин тасмим дар чорчуби таъмини манофеи мардум иттихоз шуд .
Алҳоҷ Ҳасан дар бахши дигаре аз суханони худ таъкид кард: Ҳизбуаллоҳ ҳамчунон муътақидаст, ки Ториқ Албитор-қозии парвандаи инфиҷори Бейрут таҳқиқот дар хусӯси абъоди мухталифи ин инфиҷорро аз масири аслии худ мунҳариф сохтааст . Мо барои мушаххас шудани беш аз пеши абъоди ин инфиҷор талош мекунем.
Аз даҳуми октябр дар натиҷаи ихтилофи бархе вузаро бар сари кӯтоҳ кардани дасти бозпурси қазоии парвандаи инфиҷори бандари Бейрут ва барканории ӯ, кори ҳайати давлат мухтал ва ҷаласоти онҳо мутаваққиф шуд.