Қатъи интернети Яман мизони шикасти майдонии душманро нишон медиҳад
(last modified Sat, 22 Jan 2022 15:54:56 GMT )
Январ 22, 2022 20:54 Asia/Dushanbe
  • Қатъи интернети Яман мизони шикасти майдонии душманро нишон медиҳад

Сухангӯи Давлати наҷоти миллии Яман бо ишора ба бомбаборони  зербиноҳои иртиботии ин кишвар аз сӯи Эътилофи саудӣ изоҳр кард, қатъи интернети Яман нишондиҳандаи мизони шикасти майдонии мутаҷовизон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алмасира, Муҳаммад Абдулсалом, сухангӯи миллии Яман ва раиси ҳайати Санъо дар музокироти сулҳи ин кишвар, иқдоми Эътилофи сауди дар ҳамла ба зербиноҳои мухобироти ва иртиботии шимоли Яманро идомаи силсила ҷиноёти эътилофи мутаҷовизи зидди кишвараш донист.

Абдусалом гуфт: Бомбаборони марокизи иртиботот бо ҳадафи қатъи интернети Яман ҷинояте аст, ки душман дар ростои ҷиноятҳои зиндони Саъда, Алҳудайда ва Санъо муртакиб шудааст.

Ҷангандаҳои неруҳои мутаҷовизи Арабистони Саудӣ ва Аморот як боздоштгоҳ дар устони Саъдаро бомбаборон карданд, ки дар асари он 82 нафар кушта ва 226 нафар захми шуданд.

Аз сӯи дигар Эътилофи сауди дар рӯзҳои ахир ба шиддат зерсохтҳои мухобиротӣ ва иртиботӣ дар шимоли Яманро бомбаборон карда аст.

Ҷангафрузиҳои Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта  ва захми шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шуда аст.