Ноябр 16, 2016 18:52 Asia/Dushanbe
  • Асад: Агар Трамп бо террористҳо биҷангад, Сурия ҳампаймони ӯ хоҳад буд

Раиси ҷумҳурии Сурия гуфт: Агар Доналд Трамп - раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико бо террористҳо биҷангад, Димишқ ҳампаймони ӯ хоҳад буд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия, Башшор Асад рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо RTP – шабакаи телевизионии давлати Португалия изҳор дошт: Агар Трамп бо террористҳо биҷангад, суриҳо, русҳо, эрониҳо ва теъдоде дигар аз кишварҳо, ки хоҳони шикаст додани террористҳо ҳастанд, низ ҳампаймони табии Трамп хоҳанд буд.

Раиси ҷумҳурии Сурия дар посух ба ин савол, ки чӣ интизоре аз Доналд Трамп дорад, ибрози умедворӣ кард, Амрико бетараф бошад, ба қонуни байналамилалӣ эҳтиром бигузорад, дар умури дохилии дигар кишварҳо дахолат накунад ва ҳимоят аз террористҳоро дар Сурия мутаваққиф кунад.

Доналд Трамп дар гуфтугӯи телефонии рӯзи душанбеи худ бо Владимир Путин - раиси ҷумҳурии Русия, Башшор Асад - раиси ҷумҳурии Сурияро беҳтарин гузина барои мубориза бо терроризм донист.

Трамп таъкид кард, ба ин натиҷа расида, ки раиси ҷумҳурии Сурия беҳтарин гузина ва беҳтарин васила барои мубориза бо терроризме аст, ки дар ҷанги Сурия рушд ёфтааст.

 

Барчасп