Январ 30, 2022 22:37 Asia/Dushanbe
  • эътилофи саудӣ дар моҳи январи 2022 то кунун беш аз 800 ҳамла ба минтақаҳои масукнӣ ва ғайринизомии Яман анҷом дода аст.
    эътилофи саудӣ дар моҳи январи 2022 то кунун беш аз 800 ҳамла ба минтақаҳои масукнӣ ва ғайринизомии Яман анҷом дода аст.

Ройзаниҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақомот ва ниҳодҳои байналмиллалӣ дар пайи ташдиди ҳамалоти Эътилофи саудӣ ба Яман афзоиш ёфт ва дар ҳамин чорчуб вазири хориҷаи Эрон бо дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид гуфтугӯ карда аст.

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон дар  гуфтугӯи телефонӣ бо Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Миллалӣ Муттаҳид бо ишора  ташдиди ҳамалот ба минтақаи ғайринизомии Яман бар руйкарди мустамари Эрон дар ҳамалот аз роҳи ҳалли сиёсӣ барои поён бахшидан ба ҷанги Яман таъкид кард.

Пеш аз ин ҳам Козими Ғарибободӣ, дабири ситоди ҳуқуқи башари Эрон дар номае ба Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Миллал, дар бораи вазиъияти Яман навиш, 21 январи 2021 ҷаҳон бори дигар шоҳиди иқдомоти ҷинояткорона, бераҳмона, ғайриинсонӣ ва хилофи усул ва мабони ҳуқуқи байланмиллалӣ бавижа ҳуқуқи башардустон буд.

Эътилофи саудӣ дар ҷараёни ташдиди ҳамалот ба минтақаҳои маскунӣ ва ғаринизомӣ, 21 январ дар ҳамлаи ҳавоӣ ба зиндоне дар Яман ҷони беш аз 100 зиндонии Яманро гирифт ва дар ин ҳамла ҳамчунин беш аз 250 нафар захми шуданд.

Эрон ҳамвора дар ҷараёни ҷанги Яман ҳомии мардуми ин кишвар буд ва талош карда аст, бо ироаи ибтикори амалҳои мантиқӣ ва сиёсӣ, ҳамсуд бо талошҳои байналмиллалӣ, ду тарафи даргирро ба мизи гуфтугӯ баргардонад то бузургтарин буҳрон ё фоҷеаи инсонии ҷаҳон яъне ҷангӣ Яман поён диҳад.

Эрон дар чорчуби ройзани бо ниҳодҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Созмони Миллал, нақши ҳаётии онҳоро дар поён бахшидан ба ҷанг ва буҳрони Яман гушзад карда аст, Эрон муътақид аст Созмони Миллал барои поён додан ба муҳосираи инсонии Яман таҳақуқи оташбас ва анҷом гуфтугӯҳои сиёсӣ барои поёни ҷанг дар Яман бояд нақши пуррангтари ифо кунад.

Ташдиди ҳамалот ба Яман кумак ба ҳалли буҳрони ин кишвар намекунад, балки ба густариши доманаи ҷуғрофиёии ҷанги Яман мунҷар мешавад ва дар ниҳоят масири сулҳ тахриб ва ба мавозоти он низ амнияту суботи минтақа бо хатар ру ба ру мешавад.

Таҷрубаи беш аз 6 соли ҷанги Яман нишон дода аст, густариши ҳамалот ба ин кишвар муқовимати Яманро бештар мекунад ва дар чунин шароите, ҳаракати муқовимати Яман ба самти гузинаҳои низомии зидди душман табиъи аст.

Сарлашкар Муҳаммад Носир Алъотифӣ, вазири дифоъи давлати наҷоти миллии Яман гуфт, посух ба ҳамалоти душман, ҳаққи машруъи мардуми Яман аст ва дар идомаи амалиёти туфони Яман ва густариши доманаи ҷуғроиёии он кишварҳои мутаҷовиз бояд шоҳиди ҳамалоти дардноки дар умқи хоки худ бошанд.

Бар асоси омори мунтариш шуда, эътилофи саудӣ дар моҳи январи 2022 то кунун беш аз 800 ҳамла ба минтақаҳои масукнӣ ва ғайринизомии Яман анҷом дода аст. Дар сояи тадовуми ҳамалот беш аз 90 дарсади яманиҳо ба дору ва маводи ғизои аз тариқи кумакҳои башардустон ниёзманд ҳастанд.Аммо муҳосираи дарёӣ, ҳавоӣ ва заминии Яман  кумакрасони ба ин кишварро бо мушкили ҷиддӣ ру ба ру карда аст.

Дар чунин шароит, ташдиди ҳамалот ба Яман вазъияти буҳронии мавҷудро бадтар хоҳад кард, ки дар ин миён, Созмони Миллал ба унвони ниҳоди ҳомии сулҳ ва амният ва зермаҷмуъаи он нақши муҳим дар кумак ба ҳалли буҳрони Яман ва рафъи ниёзҳои асосии мардуми Яман доранд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп