Феврал 10, 2022 15:07 Asia/Dushanbe
  • Хуни шуҳадои Наблус ҳадар нахоҳад рафт

Раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) гуфт: Хуни ҷавонони фаластинӣ, ки ба зарби гулулаи низомиёни режими саҳюнистӣ дар шаҳри Наблус ба шаҳодат расиданд, ҳадар нахоҳад рафт.

Нерӯҳои ишғолгари режими саҳюнистӣ рӯзи сешанбе, пас аз тирандозӣ ба як мошин дар шаҳри Наблус, сарнишинони онро, ки се ҷавони фаластинӣ аз Катоиби Шуҳадои Алақсои гурдонҳои Шуҳадои Алақсои шохаи низомии Ҷунбиши Фатҳ буданд, ба шаҳодат расонда ва як нафари дигарро дастгир карданд.

  • Ба гузориши пойгоҳи хабарии Маои Фаластин, Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсӣ ҷунбиши ҲАМОС дар тамоси телефонӣ бо хонаводаҳои се шаҳиди фаластинӣ, ки тавассути низомиёни саҳюнист ба шаҳодат расиданд, гуфт: Ин хуне аст, ки ҳадар намеравад ва гуруҳҳои муқовимати Фаластин интиқоми хуни шуҳадоро хоҳанд гирифт.
  • Ҳания бо маҳкум кардани амалиёти террористии низомиёни саҳюнист, афзуд: Ин хунҳо даъвати ошкор барои хуруҷ аз доираи созиши золимона бо режими саҳюнистӣ ва ҳамоҳангии амниятӣ бо душман аст.
  • Раиси дафтари сиёсӣ ҷунбиши ҲАМОС таъкид кард, сиёсати террор шикаст хурдааст ва ин сиёсат монеъ аз идомаи муқовимати мардуми Фаластин нахоҳад шуд.

Саҳюнистҳо барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаталабонаи худ рӯзона ба манотиқи мухталифи Фаластин юриш ва фаластиниёнро шаҳид ва маҷруҳ ва ё боздошт ва равонаи зиндон мекунанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп