Феврал 14, 2022 14:40 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 20 террористи диишӣ дар манотиқи мухталифи Ироқ

20 узви гуруҳи террористии ДИИШ дар вилоятҳои Бағдод ва Аланбори Ироқ боздошт шуданд.

Дар ҳафтаҳои ахир ҳамалоти афроди ДИИШ дар бахшҳои шарқӣ ва шимолии Ироқ афзоиш ёфтааст. Бисёре аз мардум ва гуруҳҳои ироқӣ афзоиши таҳаррукоти ДИИШ дар Ироқро нақшаи Амрико медонанд то аз ин тариқ битавонад ба ҳузури ишғолгаронаи худ дар Ироқ идома диҳад.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “АСсомирия”, фармондеҳии полиси Ироқ шомгоҳи якшанбе дар баёнияе эълом кард, 19 нафар аз террористҳои диишӣ, ки ҳамагӣ дар вилоятҳои Бағдод, Сулаймония, Киркук ва Аланбор таҳти таъқиби неруҳои амниятӣ будаву аҳкоми қазоӣ дар мавриди онҳо содир шудааст, дар амалиёте дар устони Аланбори Ироқ дастгир шуданд.

Ин баёния меафзояд, як террористи дигари ДИИШ низ дар ҳоли талош барои вуруд ба Бағдод дар як пости исту бозрасӣ шиносоӣ ва дастгир шудааст.