Идомаи шаҳраксозии режими саҳюнистӣ дар Каронаи бохтарӣ
Мақомоти режими саҳюнистӣ дар идомаи сиёсатҳои хасмонаи худ дар заминҳои ишғолӣ, бо тарҳи ҷадиди густариши шаҳраксозиҳо дар Карона бохтарии рӯди Урдун мувофиқат карданд.
Режими саҳюнистӣ ҳамчунон дар сояи сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсатҳои хасмонаи худ барои яҳудисозии Қудси ишғолӣ идома медиҳад.
Тарҳи ҷадиди шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ дар Карона бохтарии рӯди Урдун ба зудӣ амалӣ мешавад ва тайи он қарор аст 100 хонаводаи саҳюнист дар наздикии шаҳри Наблос искон дода шаванд.
Ин дар ҳоле аст, ки пештар гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ ба режими саҳюнистӣ дар бораи густариши шаҳраксозиҳо дар Қудси ишғолӣ ва Каронаи бохтарии рӯди Урдун ҳушдор дода буданд.
Тибқи Қатъномаи 2334 Шӯрои амнияти Созмони Милал, фаъолиятҳои шаҳраксозии режими саҳюнистӣ ғайриқонунӣ аст. Бо ин вуҷуд режими саҳюнистӣ бо тахриби манозили фаластиниён ва эҳдоси шаҳракҳои саҳюнистӣ, ба султаҷӯиҳои худ идома медиҳад.