Ҳамос хостори ҳузури фаъол дар ҳафтаи ҷаҳонии Қудс шуд
(last modified Sat, 19 Feb 2022 15:19:33 GMT )
Феврал 19, 2022 20:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос хостори ҳузури фаъол дар ҳафтаи ҷаҳонии Қудс шуд

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ҳузури фаъол дар сатҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ барои ширкат дар ҳафтаи ҷаҳонии Қудсро хостор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории фаластинии Само, ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос бо судури баёнияе аз ибтикори ҷаҳонӣ дар ҳимоят аз Қудс ва Масҷид-ул-Ақсо ба далели ин ки конуни мубориза бо душмании саҳюнистӣ ва ҳимоят аз ормони Фаластин ҳастанд, қадрдонӣ кард.

  • Ҳамос дар ин баёния аз гурӯҳҳои мардумии Фаластин, миллати арабӣ ва исломӣ, олимон ва нухбагон, ниҳодҳои расмӣ, ҳизбӣ ва мардумӣ ва мардуми озодаи ҷаҳон хост то дар эҳёи ин айёми муҳим ба ҳар василаи мумкин ва аз тариқи ҳамаи минбарҳо ва сомонаҳо, сиёсӣ, расонаӣ, хайрияӣ, башардӯстона, илмӣ ва ғайра ҳузури фаъол дошта бошанд.
  • Масъулияти муштарак аст, ки миллати арабӣ исломӣ, олимон ва раҳбарони давлатҳо, мардум, ниҳодҳо ва созмонҳо ҳамагӣ бар он ҳамсадо ҳастанд аз қаҳрамонии мардуми Фаластин, ки ҳар рӯз далерона бо таҳоҷуми саҳюнистҳо ва ваҳшати шаҳракнишинон дар шаҳрҳо ва маҳалаҳои Қудси ишғолӣ муқобила мекунанд, тамҷид кард.

Ҳафтаи ҷаҳонии Қудс аз 23 раҷаб то 1 шаъбон баргузор мегардад.