Эъломи оташбаси 48-соата дар Яман
Ноябр 19, 2016 12:23 Asia/Dushanbe
Арабистони Саудӣ аз барқарор шудани оташбаси 48-соата дар Яман аз рӯзи шанбе хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, мақомоти Саудӣ муддаӣ шудаанд, дар сурате ки Ҷунбиши “Ансоруллоҳ”-и Яман ба ин оташбас пойбанд бошад ва иҷозаи ирсоли кӯмакҳои башардӯстонаро ба манотиқи таҳти муҳосира бидиҳад, ин оташбас тамдид хоҳад шуд. Хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ гузориш дод, ин оташбас аз зуҳри шанбе, ба вақт маҳаллӣ оғоз мешавад.
Нерӯҳои “Ансоруллоҳ” ҳанӯз ба ин мавзӯъ вокуниш нишон надода ва дар бораи пойбандӣ ба ин оташбас ҳам изҳори назар накардаанд.
Барчасп