Ноябр 19, 2016 17:39 Asia/Dushanbe
  • Ҷануби Мусил батаври комил озод шуд

Фармондеҳи кулли Полиси федерали Ироқ эълом кард, ки бо озодии 1850 километри мураббаъ, тамомии меҳвари ҷанубии устони Найнаво ба контроли нерӯҳои ироқӣ даромадааст.

Сарлашкар Шокир Ҷавдат, фармондеҳи кулли Полиси федерали Ироқ дар баёнияе эълом кард, ки меҳвари ҷанубии амалиёти озодсозии Мусил ба таври комил озод шудааст ва нерӯҳои полиси федерал омодаи судури дастур барои вуруд ба Мусил ва озодии фурӯдгоҳи шаҳр ва пойгоҳи низомии Алғазлонӣ ҳастанд.

Ба навиштаи Алсумария Ниюз, дар ин баёния омадааст: 10815 хонавода ва 11168 нафар аз дасти ДИИШ халос шудаанд ва болиғ бар 1850 километри мураббаъ низ озод шуда ва нерӯҳои полиси федерал ба наздикии шаҳри Мусил расидаанд.

Ин баёния меафзояд: Талош мекунем, то дар манотиқи озодшуда мадорис ва марокизи полисро барпо кунем ва истгоҳҳои обрасонӣ ва барқро дубора роҳандозӣ карда ва зерсохтҳоро беҳбуд бубахшем.

Ба гуфтаи фармондеҳи Полиси федерали Ироқ, дар амалиёти меҳвари ҷануб, ки аз Алқироя то наздикии фурӯдгоҳи Мусилро дар бар мегирифт, 951 террористи диишӣ кушта ва 269 мошини бомбгузорӣ шуда ва муҷаҳҳаз мунҳадим шудааст.

Меҳвари ҷанубии амалиёти Мусил аз шаҳри Алқироя то наздикии Фурӯдгоҳи байналмилалии Мусил идома меёбад.

 

Барчасп