Март 07, 2022 11:07 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати як навҷавони фаластинӣ дар Қудси ишғолӣ

Як навҷавони фаластинӣ рӯзи якшанбе ба зарби гулӯлаи низомиёни режими саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ ба шаҳодат расид.

Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, Ёмин Нофиз Ҷафоли 16 сола бар асари тирандозии низомиёни режими саҳюнистӣ дар шаҳраки Абудиси Қудси ишғолӣ ба шаҳодат расидааст.

Бар асоси эъломи манобеи фаластинӣ, низомиёни саҳюнист ба самти мошини ёрии таъҷилӣ, ки қасди имдодрасонӣ ба ҷавони фаластиниро дошт, гази ашковар шиллик кардаву монеъ аз интиқоли ӯ ба бемористон шуданд ва дар ниҳоят ин навҷавони фаластинӣ бар асари шиддати хунрезӣ ва ҷароҳоти ворида ба шаҳодат расид.

Ториқ Изуддин, сухангӯи ҷумбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин чанде пеш бо маҳкум кардани ҷиноёти режими ишғолгари саҳюнистӣ гуфт, саҳюнистҳо дер ё зуд товони иқдомоти худро пардохт хоҳанд кард.

Ҳуқуқи мардуми мазлуми Фаластин беш аз ҳафтод сол аст, ки зери чакмаҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ пахш мешавад. Ин режим дар муддати мазкур ваҳшиёнатарин ҷиноятҳоро алайҳи фаластиниҳо муртакиб шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп