Март 09, 2022 12:37 Asia/Dushanbe
  • Ҷадидтарин иқдоми ишғолгаронаи Иморот дар сукунати саҳюнистҳо дар ҷазираи Суқутрои Яман

Иморот дар ҷадидтарин иқдоми ишғолгаронаи худ, тарҳи бунёди муҷтамаъҳои маскунӣ барои афроди саҳюнистиро дар ҷазираи Суқутрои Яман оғоз кард.

Ҷазираи Суқутрои Яман дар шимоли ғарби уқёнуси Ҳинд воқеъ шудаву мушарраф ба оброҳи тиҷории муҳими дарёи Сурх аст ва дар муҷовирати қораи Африқо ва тангаи Бобулмандаб қарор дорад ва ҳамин масъала аҳамияти тиҷориву низомии фавқулодаи ин минтақаро дучанд кардааст.

Манобеи масъул дар давлати мустаъфии Яман хабар доданд, Муассисаи иморотии Халифа бин Зоид тарҳи бунёди воҳидҳои маскунӣ барои афсарон, сарбозон ва коршиносони низомии режими саҳюнистиро дар ҷазираи Суқутрои Яман калид задааст, ки дар пойгоҳи низомии муштараки иморотӣ - исроилӣ дар ин ҷазира ҳузур доранд.

Ин дар ҳолест, ки тайи ҳафтаҳои гузашта даҳҳо хонаводаи исроилӣ бо пӯшиши гардишгар вориди ҷазираи Суқутрои Яман шудаанд.

Манобеи огоҳ чанде пеш низ хабар дода буданд, ки Иморот расман таъмини молии бунёди як пойгоҳи низомии мутааллиқ ба режими саҳюнистӣ дар Яман, дар ҷазираи Абдулкури, воқеъ дар маҷмаи ҷазоири Суқутроро оғоз кардааст.

Манобеи мазкур таъкид карданд, пойгоҳи низомии мазкур дар тӯли утоқи амалиёти режим саҳюнистӣ аст, ки дар Суқутро ташкил додааст.

Пеш аз ин низ неруҳои вобаста ба Иморот фурудгоҳи Суқутроро ба фурудгоҳи низомӣ табдил карда буданд.

Ҳадаф аз тарҳи Иморот, густариши ҳузури низомии саҳюнистӣ дар Суқутро аст. Ба наҳве, ки режими саҳюнистӣ аз ин тариқ дар талош аст Суқутроро ба маркази амалиёти ҷосусии худ табдил кунад то битавонад бар масирҳои дарёӣ тасаллут пайдо кунад. Иморот қасд дорад аз ин ҷазира ба унвони пойгоҳи амалиёти иттилоотии худ, барои контроли масирҳои киштиронии байналмилалӣ истифода кунад.

 

 

Барчасп