Даргирии ҷавонони фаластинӣ ва ишғолгарони саҳюнист дар Каронаи Бохтарӣ
Сокинони Каронаи Бохтарӣ бо ишғолгарони саҳюнист, ки ба ин минтақа ҳамла карда буданд, башиддат даргир шуданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин даргирӣ ба дунболи юриши саҳюнистҳо ба рустои Кафар қудум дар шарқи Қилқилия, воқеъ дар Каронаи Бохтарии руди Урдун рух додааст .
Ин даргирӣ пас аз он оғоз шуд, ки низомиёни саҳюнист иқдом ба саркуби роҳпаймоии фаластиниён дар маҳкумияти шаҳраксозии режими саҳюнистӣ дар арозии ишғолӣ карданд . Саҳюнистҳо бо шиллики гулӯлаҳои сочмаӣ ва гази ашковар иқдом ба саркуби фаластиниён карданд .
Манобеи маҳаллӣ эълом карданд дар ин даргирӣ даҳҳо фаластинӣ бар асари буидани гази ашковар дучори хафагӣ шуданд .
Саҳюнистҳо барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаталабонаи худ рӯзона ба манотиқи мухталифи Фаластин юриш ва фаластиниёнро шаҳиду маҷрӯҳ ва ё боздошту равонаи зиндон мекунанд ; мардуми Фаластин низ дар посух ба ҷиноёти саҳюнистҳо амалиёти муқовиматӣ анҷом медиҳанд .