Март 17, 2022 12:00 Asia/Dushanbe
  • Аз ҷузиёти бештари ин ҳамла ва омили он ҳеч хабаре нашр нашудааст
    Аз ҷузиёти бештари ин ҳамла ва омили он ҳеч хабаре нашр нашудааст

Расонаҳои арабӣ бомдоди панҷшанбе аз вуқӯъи ҳамлаи паҳподи ба маҳали истиқрори низомиёни амриқоӣ дар шимолу шарқи Сурия хабар дод

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, манобеъи расонаи Ироқ бомдоди панҷшанбе гузориш доданд, ки майдони нафти "Алъамар" дар  шимолу шарқи Сурия маҳали истиқрори нерӯҳои амрикоӣ дар марзӣ Ироқ ва Сурия ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифтааст.

Аз ҷузиёти бештари ин ҳамла ва омили он ҳеч хабаре нашр нашудааст.

Бо шикасти гурӯҳи террористии ДОИШ ба унвони бозуи низомии Амрико дар Сурия , нерӯҳои Амрикои мустақиман ҷойгузини ин гурӯҳ шуданд ва дақиқан аз ҳамон замон низ ба ҷои ДОИШ шурӯъ ба истихроҷ ва сирқати нафти Сурия ва  ба идомаи куштори мардуми ин кишвар  даст заданд.

Тайи солҳои ахир Амрико дар минтақаи ғарбӣ Осиё ба вижа дар Сурия балои ҷони мардум ва сориқи манобеъ нафти онҳо шудааст, иқдоме, ки беш аз ин гурӯҳаки террористии ДОИШ анҷом медод.

 

Бештар бихонед:

Барчасп