Март 19, 2022 21:37 Asia/Dushanbe
  • Меҳвари муқовимат дар канори асирони фаластинӣ хоҳад буд
    Меҳвари муқовимат дар канори асирони фаластинӣ хоҳад буд

Мақоми аршади ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин дар вокуниш ба эътисоби асирони фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ гуфт, меҳвари муқовимат дар канори мардуми Фаластин хоҳад истод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ал-Маёдин "Моҳир Ал-Харас" мақоми аршади ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин эълом кард, асирони фаластинӣ бояд озодиро танафус кунанд аммо бо шиканҷа аз сӯи неруҳои режими саҳюнистӣ ру ба ру ҳастанд.

  • Ин мақоми аршади ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ, эътисоби ғазои Фаластиниён пеш аз моҳи мубораки Рамазонро як тасмими тавофуқи миёни гуруҳҳои фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ ва берун аз он донист.
  • Ал-Харасӣ нисбат ба ҳаргуна созиш бо режими саҳюнистӣ ва сукут дар қиболи шаҳри Қудс ҳушдор дод.
  • Ин мақоми ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин афзуд: Мудирияти зиндонҳои режими саҳюнистӣ ҳеҷ қасде барои имтиёз додан  ба асирони фаластинӣ надоранд, ба ҳамин далел онҳо роҳи эътисобро дар пеш гирифтанд.

Асирони фаластинӣ дар солҳои ахир борҳо дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ даст ба эътисоби ғазо заданд, дар соли 2014 наздик ба 220 зиндонии фаластинӣ ба муддати 63 рӯз зидди боздошти худ бидуни муҳокима эътисоби ғизо карданд.