Режаи баталёни Сароё Ал-Қудс дар ҳимоят аз муқовимати Фаластин
Апрел 04, 2022 17:44 Asia/Dushanbe
-
Режаи баталёни Сароё Ал-Қудс дар ҳимоят аз муқовимати Фаластин
Баталёнҳои Сароё Ал-Қудс, бахши низомии ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин, режаи низомӣ дар Хон Юнус, ҷануби борикаи Ғазза баргузор карданд.
Садҳо нафар аз аъзои баталёнҳои Сароё Ал-Қудс шанбешаб бо ҳамли силоҳ ва парчамҳои Фаластин, муқовимат ва ҷиҳод дар ҳимоят аз сарзамини Ҷанин ва муқовимати он ва низ маҳкумияти ҷинояти саҳюнистҳо дар терори се нафар аз муборизони муқовимати Сароё Ал-Қудс дар Хон Юнус режа баргузор карданд.
Низомиёни саҳюнистӣ бомдоди шанбе се ҷавон ва муборизи Фаластиниро шаҳраки Ҷанин дар шимоли Каронаи Бохтарии руди Урдун ба зарби гулула ба шаҳодат расонданд.
- Аҳмад Алмудалил яке аз раҳбарони ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин пеш аз баргузории маросими режаи низомии баталёнҳои Сароё Ал-Қудс гуфт: Хуне, ки дар саҳаргоҳи аввали моҳи мубораки Рамазон дар Ҷанин рехта шуд набарди баъдӣ бо Исроилро шуълавар мекунад.
- Ин раҳбари Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин таъкид кард, дар ҳамаи майдонҳо, даргириҳо ва набарди миёни нерӯҳои муқовимати Фаластин ва душмании саҳюнист ҷараён дорад ва оташи он хомуш намешавад.
Барчасп