Апрел 12, 2022 10:53 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Пасларзаҳои ҷанги Украина дар Ғарби Осиё

Ҷанг тамоман ҳазина аст, магар барои соҳибони санъатҳои таслиҳоти, ки сармоягузорӣ кардаанд ва мунтазири ҷанг ва таниш барои фурӯши таслиҳотӣ анбор шудаи худ ҳастанд.

Онҳо ҳамчунин аз ҷанг барои озмоиш ва намоиши ҷангафзорҳои ҷадиди худ баҳра мегиранд ва онро ба рухи рақибо ва душманон мекашанд. Дар муқобил ҷанг барои хелиҳо ба хусӯс ғайри низомиён ва масраф кунандагон ҳатто дар фарсахҳои дур аз муҳити ҷанг, ҳазиназо ва хисоратофарин аст ва ҳатто  имкон дорад ба қимати ҷони миллионҳо нафар тамом шавад, ки ба таври ғайри мустақим аз афзоиши ҳазинаҳо ва қиматҳои ноши аз ҷанг зиён мебинанд. Акнун осор ва табаъоти ҷанги Украина бо таваҷҷӯҳ ба вобастагии муқобил, ки дар низоми ҷаҳонӣ ва иқтисодӣ эҷод шудааст, дар саросари ҷаҳон эҳсос мешавад ва шояд натавон ҷоеро пайдо кард, ки аз осор ва табаъоти манфии ин ҷанг дар амон монда бошад.

  • Дар Ғарби Осиё, ҷанги Украина барои бархе ва иддаи маъдуде фурсат, аммо барои ағлаб ва бештари давлатҳо ва миллатҳо таҳдид аст. Исроил ва Арабистон аз маъдуди бозигароне ҳастанд, ки аз ҷанги Укрина баҳра бурдаанд ва эҳтимоли инки дар заминасозии ҷанг даст ва нақш дошта бошанд ба хусӯс нақши Исроил ва мафияи зиннуфузи он дар ҳар дутарафи дигар дар ҷанг баъид нест.

Ҷанги Украина ин фурсатро барои Исроил фароҳам кард, ки битавонад теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз яҳудиёни Украина ва дигар манотиқи даргирро ба Фаластини ишғолӣ мунтақил кунад ва онҳоро дар шаҳракҳои ғайри қонунии сохта шуда дар Ирозӣ фаластиниҳо искон диҳад. Бо таваҷҷӯҳ ба инки режими саҳюнистӣ аз афзоиши ҷамъияти фаластиниҳо ва таъсири он бар тағири мавозанаи ҷамъияти эҳсоси  хатар ва таҳдид мекунад, лизо ба интиқоли ҳатто як муҳоҷири яҳудӣ ба Ирозӣ ишғолӣ ба диди фурсат нигоҳ мекунанд ва онро барои худ бо аҳамият мешуморанд ва маъмулан аҳзоби ҳокими онро ба унвони як муваффақият дар корномаи худ сабт мекунанд.

  • Ҳамчунин ҷанги Украина, мавонеъи ҷадидро барои музокироти ҳастаии Эрон ва имкони бозгашти давлати Бойден ба тавофуқномаи БарҶом эҷод кард ва ин ҳамон чизе аст, ки режими саҳюнистӣ дар интизори он буд ва тамоми талоши худро барои ноком гузоштани ин музокирот басиҷ кардааст.

Гузашта аз инҳо, режими саҳюнистӣ тасаввур мекунад бо чолишҳое, ки ҷанги Украина барои Русия эҷод хоҳад кард қудрати монуври онро  дар манотиқ ва ҳавзаҳои монанди Русия ва ё парвандаҳои минтақаӣ, ки Русия дар он даргир аст, афзоиш хоҳад дод.

Барои Арабистон ҳам монанди Исроил фурсатҳои ҷанги Украина ҳадди ақал то алъон бештар аз таҳдидҳояш будааст. Ин ҷанг бо таваҷҷӯҳ ба таъсире,ки бар афзоиши баҳҳои энерги дар ҷаҳон ва ба хусӯс кишварҳои масраф кунандаи ғарбӣ аъам аз Амрико ва Аврупо   аз ноҳияи коҳиши арзаи энергӣ аз ҷониби Русия дошт, қудрати чоназании Арабистонро дар баробари ин кишварҳо афзоиш дода, ки ошкор шудани нақши Муҳаммад бин Салмон дар қатли Ҷамол Хошуқҷӣ равобити онҳоро шакароб карда буд ва ба ҳамини далел мулоҳиза мешавад, ки баъд аз ҷанги Украина Туркия ҳатто парвандаи ин қатлро дар ихтиёри Арабистон қарор дод.

  • Арабистон дар эъзои дархости кишварҳои ғарбӣ аз он барои афзоиши сақфи тавлиди нафт мутолиботеро матраҳ кардааст, ки метавон ба баҳҳои шадиди ҷанг дар Яман тамом шавад зимни онки Арабистон бо афзоиши даромадҳои нафтии худ боз ин имконро пайдо мекунад,ки дар канори Исроил ворди пружаҳои барандози дар минтақа шавад, ки нишонаҳои он дар барандозии давлати Имронхон дар Покистон ва ҷойгузини он бо як чеҳраи наздик ба Арабистон ошкор аст.

Аммо авоқиби ҷанги Украина барои хеле аз кимшварҳо  ва миллатҳои Ғарби Осиё ба хусӯс онҳое, ки даромадҳои нафтӣ ҳастанд ва ё аз солҳои пеш ҳамонанди Русия дар маърази таҳримҳои Амрико ва муттаҳидони он қарор дошта ва доранд, бисёр мусибатбор буда ва афзоиши баҳҳои колоҳои масрафи ба хусӯс нон ва ғалот, ки аз кишварҳои даргири ҷанг яъне Украина ва Русия таъмин мешуд, натанҳо ҳазинаҳои зиндагиро афзоиш дода балки эҳтимоли шаклгирии ҷунбишҳои эътирозиро дар бархе аз кишварҳо матраҳ карда, ки ин метавонад ҳамонанди ҷунбиши мавсум ба баҳори арабӣ ба фурсат талабии ҷадиди Исроил табдил шавад то битавонад теъдоди дигаре аз кишварҳоро ба самти созиш бо худ бикашонад.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт ҷанги Украина чӣ дар ҷаҳон ва чӣ дар Ғарби Осиё танҳо ба нафъи иддаи бисёр маъдуде тамом шуда, ки дар раъси он режими саҳюнистӣ ва мафиёи яҳудӣ қарор дорад аммо барои ағлаб давлатҳо ва миллатҳо дар ҷаҳон ва минтақа таҳдидзо аст ва лизо поёни сареъи ҷанги Украина на танҳо аз мусибати кишварҳо ва миллатҳои даргир дар ҷанг мекоҳад ва нури умедро дар фазоӣ пасокороно ба иқтисодҳои ҷаҳон ва минтақа метобонад балки ҷулӯи фурсати Толибон ва ҷанги Толибонро дар ҷаҳон ва минтақа мегирад. Лизо дар фиқдони поёни ҷанги Украина эҳтимоли шаклгирии ҷунбишҳои эътирозӣ ва шӯълавар шудани ҷанг дар соири манотиқ ба хусӯс дар Ховармиёна вуҷӯд хоҳад дошт, ки режими саҳюнистӣ дар камини он нишастааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп