Даҳҳо фаластинӣ дар ҳамалоти саҳюнистҳо ба Каронаи Бохтарӣ ва Қудс захмӣ шуданд
(last modified 2022-04-21T06:46:44+00:00 )
Апрел 21, 2022 11:46 Asia/Dushanbe
  • Даргирии миёни фаластиниён ва низомиёни саҳюнист дар Қудси ишғолӣ ва Масҷидул-Ақсо
    Даргирии миёни фаластиниён ва низомиёни саҳюнист дар Қудси ишғолӣ ва Масҷидул-Ақсо

Дар ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба фаластиниён дар Каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ даҳҳо фаластинӣ захмӣ шуданд

Даргирии миёни фаластиниён ва низомиёни саҳюнист дар Қудси ишғолӣ ва Масҷидул-Ақсо аз ибтидои моҳи мубораки Рамазон оғоз шуда ва ҳамчунон идома дорад.

Ҳамалоти низомиёни саҳюнист ба Каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ аз оғози моҳи мубораки Рамазон боиси шаҳодат ва захмӣ шудани даҳҳо фаластинӣ шудааст.

Ба гузориши Садои Хуросон , ба нақл аз пойгоҳи хабарии Маъо Фаластин, низомиёни саҳюнист бо юриш ба маҳали Шайх Ҷароҳ воқеъ дар Қудси ишғолӣ бо фаластиниён даргир шуданд ва шуморе аз онҳоро мавриди зрабу шатм қарор доданд шумореро низ боздошт карданд.

  • Низомиёни саҳюнисти ҳамчунин ба шаҳраки Салим дар шарқи Ноблос воқеъ дар шимолӣ Каронаи Бохтарӣ ҳамла карданд ва бо фаластиниён даргир шуданд.

Бар асоси ин гузориш, даҳҳо фаластинӣ дар шаҳраки  Салим ба зарби гулулаи низомиёни саҳюнист ва партоби гази ашковар захмӣ шуданд ва осеб диданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп