Апрел 22, 2022 18:43 Asia/Dushanbe
  • Юриши саҳюнистҳо ба Каронаи Бохтарии рӯди Урдун

Низомиёни саҳюнист имрӯз ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарии рӯди Урдун юриш бурдаанд.

Шаҳрҳои Каронаи Бохтарӣ, ба вижа Ҷенин аз замони оғози моҳи мубораки Рамазон шоҳиди ташдиди таҷовузоти режими саҳюнистӣ аст ва то кунун теъдоде аз шаҳрвандони фаластинӣ ба зарби гулӯлаи низомиёни саҳюнист ба шаҳодат расида ва ё захмӣ шудаанд.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Алаҳд”, низомиёни режими саҳюнистӣ имрӯз – ҷумъа, зимни юриш ба Каронаи бохтарӣ 10 фаластиниро бидуни фаҳмонидани иттиҳом боздошт карданд.

Ба дунболи юриши густардаи низомиёни саҳюнист ба Каронаи Бохтарӣ даргирии шадиде миёни онҳо ва шаҳрвандони фаластинӣ дар гирифт.

Ин дар ҳоле аст, ки пештар гуруҳҳои муқовимати Фаластин ба ҷиноёти ахири режими саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарӣ вокуниш нишон доданд. Гуруҳҳои муқовимати Фаластин дар ин хусус гуфтанд: “Муқовимати фарогир” танҳо гузинаи боздоранда дар баробари душмани саҳюнистӣ аст.

Ин гуруҳҳо ҳамчунин афзуданд: Мо муътақидем, ки муқовимати мусаллаҳона танҳо гузинае аст, ки режими саҳюнистиро аз идомаи иртикоби ҷиноятҳояш алайҳи шаҳрвандони фаластинӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ боз медорад. Ҳаргиз аз ин гузина даст намекашем.

 

Барчасп