Тарс ва нигаронии Нафтали Беннет аз ҷумъаи поёнии моҳи Рамазон дар Фаластин
(last modified 2022-04-28T05:04:22+00:00 )
Апрел 28, 2022 10:04 Asia/Dushanbe
  • Шаби гузашта( чаҳор шанбе шаб) низ дасти кам 250 ҳазор рӯзадори фаластинӣ барои иқомаи намоз дар Масҷидул Ақсо ҳузӯр ёфтанд
    Шаби гузашта( чаҳор шанбе шаб) низ дасти кам 250 ҳазор рӯзадори фаластинӣ барои иқомаи намоз дар Масҷидул Ақсо ҳузӯр ёфтанд

Нахуствазири режими саҳюнистӣ ва ниҳодҳои амниятии ин ирежим дар охарин рӯзҳои пуртаниши моҳи Рамазон бо якдигар дидор карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Ҷерусалем Пуст, Нафтали Беннет дар дидорҳои худ бо Бенни Гантес вазири ҷанги режими саҳюнистӣ Омер Барлев вазири амнияти умумӣ , Яир Лапид вазири умури хориҷа ва дигар мақомоти амниятии режими саҳюнистӣ ба мудирияти танишҳо дар рӯзҳои поёнии моҳ Рамазон таъкид кард.

  • Рӯзҳо ва ҳафтаҳои гузашта яке аз пуртаништарин моҳҳои Рамазон дар саросари Фаластинӣ ишғолӣ ва Масҷидул Ақсо буд ва низомиёни саҳюнистӣ ба шиддат бо ибодат кунандагон дар Масҷидул Ақсо дар тӯли моҳи Рамазон муқобила мекарданд, ҳарчанд дар ниҳояти бар идомаи муқовимати шаҳвандони фаластинӣ, низомиёни саҳюнистӣ маҷбур ба ақаб нишини шуд.

Шаби гузашта( чаҳор шанбе шаб) низ дасти кам 250 ҳазор рӯзадори фаластинӣ барои иқомаи намоз дар Масҷидул Ақсо ҳузӯр ёфтанд ва бори дигар ваҳдати мусалмонон барои муқобила бо мутаҷовизони ишғолгарро ба намоиш бигузоранд.

Мушорикати ин теъдод аз ҷавонони мутадини фаластинӣ дар намози махсӯси моҳи мубораки Рамазон ҳамзамон бо он сурат мегирад, ки режими саҳюнистӣ нисбат ба ҳузӯри фаластиниҳо ҳушдор додааст.

 

Бештар бихонед: 

Барчасп