Май 07, 2022 14:25 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши қотеъонаи Синвор ба таҳдиди режими саҳюнистӣ барои террори вай

Раиси дафтари сиёсии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин дар Ғазза, ба таҳдидоти режими саҳюнистӣ барои террори вай, вокуниши қотеъона нишон дод.

Расонаҳои саҳюнистӣ дар пайи суханронии ахири Яҳё Синвор » раиси дафтари сиёсии ҷумбиши Ҳамос дар ғазза, вайро таҳдид карданд.

Синвор дар хусӯси таҳдидоти саҳюнистҳо унвон кард, зиндагии мо риволи табиии худро тай мекунад ва аз касе ҳисоб намебарем!

Пештар Иззат Ал Рашқ, узви дафтари сиёсии ҷумбиши Ҳамос низ ба таҳдидоти режими саҳюнистӣ барои террори синвор вокуниш нишон дода ва гуфта буд, таҳдидоти саҳюнистҳо барои террори Синвор ва дигари раҳбарони аршади Ҳамос мӯҷиби тарсу ваҳшати мо намешавад.

Гуфтанист, вебгоҳи саҳюнистии Экспресс  дар гузорише навишт, Яҳё Синвор, як хатари воқеӣ барои ояндаи Исроил аст ва лозим аст ин режим дар наздиктарин замони мумкин Синворро террор кунад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп