Май 12, 2022 12:41 Asia/Dushanbe
  • Яман афзӯд: Кишварҳои мутаҷовиз масъули паёмадҳои шикасти оташбас ҳастанд
    Яман афзӯд: Кишварҳои мутаҷовиз масъули паёмадҳои шикасти оташбас ҳастанд

Узви Шӯрои сиёсии давлати Наҷоти милии Яман гуфт, нақши Созмони Миллали Муттаҳид дар парвандаи Яман ва мавзӯъи оташбас бисёр заъиф ва ҳамвора бо сиёсатҳои Амрико аст.

Ба гузориши Садои Хуросон   Ҳезом Аласад афзӯд, то кунӯн дида нашудааст, ки Созмони Миллали Муттаҳид, шона холи кардани мутаҷовизон аз анҷоми тааҳудоти худ дар бораи оташбасро маҳкум кунад.

Аласад таъкид кард, мутаъсифона эътилофи мутаҷовизон ба оташбас эъломи пойбанд набуда ва нақзи низомии оташбас ва таътилии фурӯдгоҳи Санъо ва ҷилавгирӣ аз вурӯди киштиҳои ҳомили муштақоти нафтӣ ба бандари Алҳадида ҳамчунон идома дорад.

Аласад афзӯд, эътилоф оташбасро бахше аз текники низомии худ дар таҷовӯз ба Яман медонанд ва ҳамакнӯн барои ба шикаст кашондани он талош мекунанд.

Яман афзӯд: Кишварҳои мутаҷовиз масъули паёмадҳои шикасти оташбас ҳастанд ва паёмадҳои он ба умқи хоки Арабистон вва Иморот низ хоҳад расид.

Узвӣ Шӯрои сиёсии давлати Наҷоти миллии Яман гуфт. албатта оташбас ҳамешагӣ нест ва дар сурате, ки нақзи оташбас тавссути эътилофи мутаҷовизон, муштақоти нафтӣ ба бандари Алҳадида ва таътилии фурӯдгоҳи Санъо идома ёбад масъулони Санъо дар оташбас идаои бознигарӣ мекунанд.

Бештар бихонед:

Барчасп