Май 14, 2022 17:43 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммад ибни Зоид раиси Аморот шуд
    Муҳаммад ибни Зоид раиси Аморот шуд

Шӯрои олии Аморот, Муҳаммад ибни Зоид оли Наёнро ба унвони раиси ин кишвар интихоб шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи телевизионии Алҷазира пас аз даргузашти Халифа ибни Зоид оли Наҳён, раиси Амором шӯрои олии ин кишвар бо баргузории ҷаласа Муҳаммад ибни Зоид оли Наҳёнро ба унвони раиси Аморот интихоб кард.

Халифа ибни Зоид оли Наҳён рӯзи ҷумъа дар 73 солаги даргузашт.

Халифа ибни Зоид бузургтарин фарзанди Зоид ибни Султон оли Наҳён, муассиси давлати Аморот ва валиаҳди ӯ буд ва пас аз фавти падараш ҳокими Абузаби шуд.

Шӯрои олии Иттиҳодияи Аморот дар таърихи 3 ноябри соли 2004 Халифа ибни Зоидро ба уновни раиси Аморот интихоб кард.

Халифа ибни Зоид дуввумин раиси давлати Аморот аз замни таъсиси ин кишвар дар таърихи 2 декабри соли 1971 ва шонздаҳумин ҳокими Абузаби буд.

 

Барчасп