Май 20, 2022 21:23 Asia/Dushanbe

Шохаи низомии Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин тасовири ҷадиде аз нуфузи паҳподи худ ба шаҳракҳои саҳюнистӣ дар ҷараёни ҷанги «Сайф-ул-Қудс» мунташир кард.

«Сайф-ул-Қудс» ё «Шамшери Қудс» - ҷанги густардаи гуруҳҳои муқовимати Фаластин бо режими саҳюнистӣ аст, ки 11 майи соли 2021 мелодӣ ба вуқуъ пайваст ва ба муддати 12 рӯз идома дошт.

Гуруҳҳои муқовимат, мустақар дар навори Ғазза, ба вижа Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) ва Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин бо ворид кардани хисоратҳои фаровон ба саҳюнистҳо, дар ин ҷанг пирӯз шуданд.

Шохаи низомии Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин шомгоҳи панҷшанбе тасовири забтшудаи ҷадиде аз шаҳракҳои атрофи навори Ғазза дар ҷараёни ҷанги «Сайф-ул-Қудс» мунташир кард.

Дар ин видео гуфта шудааст, пас аз таҳдидоти душман ва ишора ба ҳамлаи заминӣ ба навори Ғазза, фармондеҳии шохаи низомии Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ба неруи ҳавоӣ дастури иҷрои амалиёти шиносоии хати марзии ҳадди фосил миёни навори Ғазза ва шаҳракҳои саҳюнистнишин ва баррасии минтақаи амалиётро дод.

Шохаи низомии Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин афзуд, яке аз паҳподҳои муқовимат маъмурияти шиносоии муваффақиятомезеро анҷом дод ва иддаои дурӯғини артиши режими ишғолгарро бармало сохт. Мушаххас шуд, ки дар хати ҳадди фосил ҳеҷ гуна неруе мустақар нест. Паҳпод ба саломат ба пойгоҳи худ бозгашт.

 

Барчасп