Май 23, 2022 10:56 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани 18 фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ

Манобеи хабарӣ аз захмӣ шудани 18 фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба рустое дар шимоли Каронаи Бохтарӣ хабар доданд.

Низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист ҳар рӯз ба баҳонаҳои мухталиф мардуми мазлуми Фаластинро шаҳид, маҷруҳ ва ё боздошт мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Фаластин (Вафо), низомиёни саҳюнистӣ бо шиллики гулула ва партоби гази ашковар ба сӯи фаластиниён дар рустои Қасра, воқеъ дар ҷануби Наблос 18 фаластиниро захмӣ карданд.

Пеш аз ин низ шаҳракнишинони саҳюнист дар рустои Қасра ба ду кудаки фаластинӣ ҳамла карда ва яке аз онҳоро мавриди зарбу шатм қарор дода ва талош доштанд кудаки дувумро бирабоянд.

Ҳамчунин низомиёни саҳюнист дар маҳаллаи қадимии Қудс чаҳор кудаки фаластиниро боздошт ва бо зарбу шатм ба яке аз боздоштгоҳҳои режим мунтақил карданд.

Ҷумъаи гузашта низ дар пайи даргирии низомиёни саҳюнист ва фаластиниён дар Каронаи Бохтарӣ 69 нафар захмӣ шуда буданд.

 

Барчасп