Май 29, 2022 10:22 Asia/Dushanbe
  • Даргирии шабонаи низомиёни исроилӣ бо фаластиниён дар Қудс

Низомиёни исроилӣ шабона бо ҷавонони фаластинӣ дар бахши қадимии Қудс даргир шуданд ва бархеро боздошт карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шаҳракнишинону низомиёни Исроил шанбешаб ба сокинон ҳамла карданд ва дар ҷараёни ин даргирӣ онон ба самти фаластиниён гази филфилӣ пошиданд ва бархе масдум шуданд .
Сокинони бахши қадимии Қудс мухолифи иқдоми саҳюнистҳо барои роҳандозии ба истилоҳ Роҳпаймоии парчам дар бахши қадимии Қудс ҳастанд ва даргирии шабонаи низомиён ва шаҳракнишинони Исроил бо сокинони ин минтақа ба сабаби мухолифати фаластиниён бо ин роҳпаймоӣ будааст .

Ҳудӯди 30 сол аст, ки саҳюнистҳо роҳпаймоии таҳти унвони роҳпаймои парчам дар Қудс баргузор мекунанд ва дар ин маросим шиорҳоеи зидди фаластиниҳо сар медиҳанд .
Ин роҳпаймоӣ қарор аст ( якшанбе ) дар бахши қадимии Қудс баргузор шавад ва гуруҳҳои муқовимати Фаластин ба исроилиҳо ҳушдор додаанд .
Дар ҳамин ҳол низомиёни Исроил ба таври густарда дар шаҳри қадимии Қудс ва дар минтақаи торихии он мустақар шудаанд то баргузории ба истилоҳ роҳпаймоии парчам шаҳракнишинонро дар бахши қадимии Қудс ҳидоят кунанд .
Ҳамчунин низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнистӣ рӯзи шанбе бори дигар ба саҳнҳои масҷиди Алақсо юриш бурданд ва бо фаластиниён даргир шуданд .

 

Барчасп