Июн 11, 2022 17:33 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати як ҷавони фаластинӣ дар Ҷанин
    Шаҳодати як ҷавони фаластинӣ дар Ҷанин

Як ҷавони фаластинӣ аз аҳолии шаҳракти Ябъад дар Каронаи Бохтарӣ пас аз чанд рӯз таҳаммули дарду ранҷ баргирифта аз тирандозии низомиёни саҳюнистӣ ба шаҳодат расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати беҳдошти Фаластин имрӯз якшанбе эълом кард, Самиҳ Аморна ҷавони фаластинӣ, ки тавассути низомиёни саҳюнист маҷруҳ ва дар бемористон дар Ромаллоҳ бистари ва таҳти дармон буд, бар асари шиддати ҷароҳатҳои ворид шуда ба шаҳодат расид.

Самиҳ Аморна аз асирони фаластинӣ буд, ки собиқаи гузарондани чандин сол ҳабс ва дар зиндонҳои режими саҳюнистиро дошт.

Режими саҳюнистӣ дар моҳҳои ахир шоҳиди амалиётҳои мутаъадиди дар сарзаминҳои  ишғоли ва Каронаи Бохтарӣ буд, ки аслитарин нуқтаи оғози он минтақаи Ҷанин буд, дар ин росто саҳюнистҳо ҳамалоти худ зидди Ҷанинро дар моҳҳои ахир зиёд карданд.

Гурҳҳои муқовимат низ дар муқобил таҳдид карданд, ки ҳаргуна иқдоми низомии режими саҳюнистӣ зидди Ҷанинро бе посух нахоҳанд гузошт.

 

Барчасп