Сайид Муқтадо Садр намояндагони ҷараёни Садрро барои баргузории ҷаласа фаро хонд
Раҳбари ҷараёни Садри Ироқ намояндагони ин ҷараёни сиёсиро барои баргузории ҷаласае дар асри рӯзи чаҳоршанбе фаро хонд.
Сайид Муқтадо Садр аз намояндагону аъзои аршади ин ҷараён хост, асри имрӯз, чаҳоршанбе дар нишасти фаврӣ, ки дар минтақаи Алҳаннонаи шаҳри Наҷаф баргузор мешавад, ширкат кунанд.
Сайид Муқтадо Садр дар тавзеҳи далели дархости истеъфои намояндагони ҷараёни Садр гуфт: «Ман дағдағаи қудрат ва сиёсат надоштам ва фақат хостори расво кардани ҳар фосиди золиме будам. Аксарият барои мост, на дигарон, дар давлати тавофуқӣ ширкат нахоҳам кард».
Раҳбари ҷараёни Садр зимни эъломи ин ки инсидоди сиёсӣ дар Ироқ сохтагӣ аст, афзуд: Намояндагони фраксияи Садр омодаи истеъфо ҳастанд.
Ҷараёни Садри Ироқ тайи интихоботи ахир муваффақ шуд бо касби 73 курсӣ аз асли 329 курсии порлумонӣ дар садр қарор гирад ва пас аз он эътилофи суннии Тақаддум бо 37 курсӣ ва эътилофи Давлат-ул-Қонун бо 33 курсӣ, ҳизби демократи Курдистони Ироқ бо 31 курсӣ, эътилофи Курдистон ва эътилофи Фатҳ ба раҳбарии Ҳодӣ Омирӣ бо 17 курсӣ дар рутбаҳои баъдӣ қарор гирифтанд.