Июн 19, 2022 10:06 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ омили террору харобкорӣ дар кулли минтақа аст

Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо ҳамтои аморотии худ ҳузури режими ишғолгари Қудс дар минтақаро муҷиби бесуботӣ ва ноамнӣ ва омили террору харобкорӣ дар кулли минтақа донист .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар гуфтугӯ бо шайх Абдуллоҳ бин Зоид-вазири умӯри хориҷаи Амороти муттаҳидаи арабӣ дар хусӯси масоили дуҷониба, минтақаӣ ва байналмиллалӣ ба гуфтугу  ва табодули назар пардохт .
Вай бо ишора ба авлавияти ҳамсоягон дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон бар афзоиши дидору ройзаниҳои дуҷонибаи миёни мақомоти ду кишвар таъкид ва онро заминасози тавсеаву густариши муносиботи миёни ду кишвар арзёбӣ кард .
Амирабдуллоҳиён афзуд : Ҷумҳурии исломии Эрони хоҳони ҳифзи амнияту пешрафт барои ҳамсоягон ва минтақа бӯдау мудохилау ҳузури бегонагонро мухилли амният минтақа медонад .
Шайх Абдуллоҳ - вазири умӯри хориҷаи Аморот низ дар ин гуфтугуи телефонӣ  бо ишора ба манофеи муштараки ду кишвар дар тавсеаи равобити байниякдигарӣ аз ройзаниҳои муназзами мақомоти эронӣ ва аморотӣ истиқбол кард .
Вай таъкид кард, ки Амороти муттаҳидаи арабӣ ба ҳеҷ тарафе иҷозаи иқдомоти мухарриб аз хоки худ алайҳи кишварҳои ҳамсояи Аморотро нахоҳад дод ва амнияти ҳамсоягонро ҳамеша мадди назар хоҳад дошт .
Тарафайн бар тадовуми тамосҳову ройзании байни ду кишвар таъкид ва ҳамчунин охирин вазъияти гуфтугӯ барои рафъи таҳримҳоро мавриди ройзанӣ қарор доданд .
Ҳамчунин Аамирабдуллоҳиён аз ҳамтои аморотии худ барои сафар ба Теҳрон даъват кард .

 

Барчасп