Нафткаш ҳамчунон дар тавқифи Эътилофи саудӣ аст
Сухангӯи Ширкати миллии нафти Яман гуфт, бо вуҷӯди эъломи оташбас ва тамдиди он, аммо Эътилофи саудӣ ҳанӯз яке аз нафткашҳои тавқифии моро озод накардааст.
Исом Ал мутаваккал. сухангӯи Ширкати нафти давлати наҷоти миллии Яман эълом кард, Эътилофи саудӣ танҳо як нафткаши ҳомили бензинро рафъи тавқиф кардааст ва ҳамчунон як киштии дигар дар наздикии савоҳили "Ҷизон" ҷануби ғарби Арабистон тавқиф аст.
Вай аз вуруди нафткаши "Аҳуд", ки ҳомил бензин буда ба бандари Ал Ҳудайда дар ғарби Яман хабар дод ва гуфт, ки ин нафткаш пас аз он ба ин бандар ворид шудааст, ки Эътилофи мутаҷовизи саудӣ, ки ба бандҳои оташбас пойбанд нест, ин нафткашро тавқиф карда буд.
Ба пешниҳоди Созмони Милали Муттаҳид як оташбаси думоҳа аз дувуми апрел дар Яман барқарор шуд, ки аз муҳимтарин мафоди он вуруди 18 киштии ҳомили сӯхт ба банодири Ал Ҳудайда ва иҷозаи ду парвози рафту баргашти ҳафтагӣ аз фурудгоҳи Санъо буд.
Бештар бихонед:
- Вазортаи дифои Яман: Англия дар ҷанг алайҳи Яман мушорикат мустақим дорад
- Давлати мустаъфии Яман: Иморот омил бесуботӣ ва ноамнӣ дар ҷануби Яман аст