Озори ҷинси ва азияти зиндониёни сиёсӣ дар Арабистон
Зиндониёни сиёсӣ дар Арабистон ба далели мухолифат бо ҳукумат дар ин кишвар дар баробари бадтарин хушунатҳо аз ҷумла озору азияти ҷинсӣ, шиканҷа ва қатл қарор доранд.
Арабистон парвандаи сиёҳ дар масъалаи ҳуқуқи башар дорад ва идомаи солҳои гузашта гузоришҳои матаъадид аз эъдомҳои фароқонунӣ, шиканҷа, боздоштҳои худсарона, нопадид шудан, боздошти фаъолони сиёсӣ ва ҳуқуқи башарӣ ва саркуби хостаҳои машруъи ақалиятҳои динӣ дар дохили Арабистон ба берун фош шуда аст.
Рузномаи англисии Эндипендент рӯзи шанбе дар гузориши ба натиҷаҳои таҳқиқоти муассисаи ҳуқуқи башарӣ "Grant Liberty" ишора кард, ки вазъияти 311 зиндонии сиёсӣ дар Арабистони Саъудиро мавриди расад қарор дода аст.
Бинбар ин гузориш аз байни ин зиндониён 53 нафар мавриди шиканҷа қарор гирифтанд, 6 нафар мавриди озору азияти ҷинсӣ ва 14 нафар низ маҷбур ба эътисоби ғизо шуданд.
Ҳамчунин дар шароити кунуни 11 зани арабистонӣ ҳамчунон дар зиндонҳои оли саъуд даврони ҳабси худро мегузаронанд.
Дар байни зиндониёни сиёсӣ гуруҳи хабарнигорон ва рузноманигорони арабистонӣ низ саҳми боло доранд ва дар шароити кунуни 54 нафари аз онҳо дар зиндон басар мебаранд.