Серватҳои нефтии Яман дузди шуда ва даромади он вориди бонкҳои саъудӣ мешавад
(last modified 2022-07-07T06:48:22+00:00 )
Июл 07, 2022 11:48 Asia/Dushanbe
  • Серватҳои нефтии Яман дузди шуда ва даромади он вориди бонкҳои саъудӣ мешавад
    Серватҳои нефтии Яман дузди шуда ва даромади он вориди бонкҳои саъудӣ мешавад

Сухангӯи ширкати нефти Яман гуфт: Ин кишвар қодир ба истифода аз даромадҳои нефтии худ нест ва ин дародамҳо вориди бонкҳои саъудӣ мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алмаёдин Исом Алмутавакил, сухангӯи нефти Яман гуфт: Ин кишвар тавлидкунандаи нефт аст, аммо ҳамчун дигар кишварҳое, ки дорои серватҳои нефти нестанд бо мушкилот ва дарду ранҷ ру ба рау аст.

Сухангӯи ширкати нефти Яман бо баёни ин ки эътилофи мутаҷовизи саъудӣ тамоми киштиҳои яманиро манъ мекунад афзуд: Дар замони коҳиши нерхи бензин дар тули корона беш аз 15 ҳазор киштии Яман тувқиф шуда аст.

Алмутавакин таъкид кард давлати наҷоти миллии Яман кишварҳои эътилофи мутаҷовизи саъудӣ ва дар садри онҳо Амрикоро ба дузди ва ғорати серватҳои нефтии Яман мутаҳам мекунад ва борҳо таҳдид карда аст, ки ширкатҳо ва киштиҳоеро, ки дар ғорат ва дуздии нефту гази Яман даст дошта бошанд ҳадаф қарор хоҳад дод.

Ба гуфтаи давлати Санъо ва бо истинод ба гузориши маркази байналмиллилии кантроли трафики дарёӣ, эътилофи саъудӣ миллионҳо бушка нефти Яманро бо киштиҳои ғулпайкайре, ки тақрибан моҳона ба бандарҳои Яман меоянд ба фуруш месозанд.