Декабр 01, 2016 14:13 Asia/Dushanbe
  • Қатар парчамдори ҳимоят аз террористҳо дар Сурия аст

Намояндаи Сурия дар Созмони Милал таъкид кард, намояндагони гурӯҳҳои террористӣ дар сояи пирӯзиҳои идомадори урдуи Сурия дар Ҳалаб, хоҳони нишасти фавқулъодаи Шӯрои амният шуданд, то террористҳоро наҷот диҳанд.

   Ба гузориши хабаргузории Садо Симо, Башор Ҷаъфарӣ, намояндаи Сурия дар Созмони Милал рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти Шӯрои амният, ки барои баррасии авзои Ҳалаб ташкил шуда буд, гуфт, имрӯз Қатар парчамдори ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия аст.

   Башор Ҷаъфарӣ ҳамчунин хотирнишон кард, ҳамалоти ҷангандаҳои исроилӣ ба Сурия талоше барои ҳимоят аз террористҳо аст.

   Башор Ҷаъфарӣ афзуд, тиҷорати намояндагони гурӯҳҳои террористӣ бо хуни шаҳрвандони сурӣ боис намешавад, ки давлати Сурия ба мубориза бо терроризм идома надиҳад.

   Намояндаи Сурия дар Созмони Милал бо баёни ин, ки гурӯҳҳои террористӣ шумори зиёде аз ғайринизомёнро дар шарқи Ҳалаб куштаанд, гуфт, террористҳо кӯмакҳои ирсолӣ ба шарқи Ҳалабро мефурӯшанд ва аз ғайринизомён ба унвони сипари инсонӣ истифода мекунанд.

   Башор Ҷаъфарӣ бо ишора ба талошҳои урдуи Сурия барои наҷоти ҷони шаҳрвандони ин кишвар дар шаҳри Ҳалаб таъкид кард, давлати Сурия худро ба мубориза бо терроризм ва роҳи ҳалли сиёсӣ пойбанд медонад.

   Намояндаи Сурия дар Созмони Милал гуфт, имрӯз кӯдакони сурӣ хоҳони он ҳастанд, ки дар сояи сулҳу амният ва бидуни тарс ба мадориси худ бираванд.

 

Барчасп